ХИТОБ БА ЗАРДУШТИЁН (#15686)

Ба номи Худованди Меҳрабон! Эй Меҳрабон! Дусте аз дустон ёдат намуд, ёдат намудем. Имруз он чӣ дида мешавад, гувоҳӣ медиҳад ва бандагонро ба Худованди Якто мехонад. Бигу: Имруз Офтоби Биноӣ аз Осмони Доноӣ ҳувайдо. Некуст касе, ки дид ва шинохт. Он чӣ аз пеш гуфта шуд, дар ин рузгор падидор. Бигу: Эй дустон! Худро аз дарёи бахшиши яздонӣ дур манамоед, чӣ ки У бисёр наздик омада. Он ки пинҳон буд омада, ва хуб омада. Бар як дасташ оби зиндагонӣ ва бар дасти дигар фармони озодӣ; бигузоред ва бигиред. Бигузоред, он чӣ дар ҷаҳон дида мешавад ва бигиред, он чиро, ки дасти бахшиш мебахшад. Омада он чӣ чашми рузгор монанди он надида. Эй дустон! Бишитобед, бишитобед! Бишнавед, бишнавед! Кирдори дастурон мардумонро аз Кирдгор дур намуда.  Ба ҷои ниёз оз намудор, роҳи Худованди Худоро гум кардаанд. Гумроҳанд ва худро дорои роҳ медонанд. Пешвоёнро гувоҳ намудем ва огоҳ кардем, то дар ин Руз гувоҳӣ диҳанд ва бандагонро ба Пок Яздон расонанд. Бигу: Эй дастурон! Аз хоб бархезед ва аз беҳушӣ ба ҳуш гароед. Овози Бениёзро ба гуши ҷон бишнавед ба он чӣ сазовори Рузи Худованд аст, рафтор намоед. Имруз меҳтар касе аст, ки дид ва огаҳ шуд. Ва кеҳтар касе, ки гуфтори Доноро наёфт ва Дусти тозаро дар ҷомаи Дарёи доноӣ падидор	ва офтоби биноӣ намудор.	Бишнавед,	нидои Гуяндаи Пояндаро ва худро аз он чӣ сазовор нест пок ва покиза намоед, то шоистаи боргоҳи Офаридгор шавед. Бигу: Имруз Худованд дар анҷуман сухан мефармояд. Наздик шавед ва гуфторашро биёбед. Гуфтор пайки дидори Уст, шуморо аз торикӣ раҳонад ва ба рушаноӣ расонад. Номатро шунидем ва дар нома ёдат намудем. Ин ёд монанди ниҳолест, ки ба дасти бахшиш киштем.  Зуд аст, ки бо баргу бори тозаи беандоза падидор шавад. Худованди Худо чунин фармуда, ва роҳ намуда. Уст Тавоно ва Бино, ва Уст Гуянда ва Доно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ХИТОБ БА ЗАРДУШТИЁН (#15687)

БА НОМИ ХУДОВАНДИ Бигу: Эй гумроҳон, пайки ростгу муҷда дод, ки Дуст меояд. Акнун омад, чаро афсурдаед? Он пок пушида бе парда омад, чаро паҷмурдаед? Оғоз ва анҷом, ҷунбиш ва ором ошкор. Имруз оғоз дар анҷом ва ҷунбиш дар ором намудор. Ин ҷунбиш аз гармии гуфтори Парвардигор дар офариниш ҳувайдо шуда. Ҳар ки ин гармӣ ёфт ба куйи Дуст шитофт, ва ҳар ки наёфт, бияфсурд. Афсурдане, ки ҳаргиз барнахост. Имруз марди дониш касе аст, ки офариниш уро аз биниш боз надошт, ва гуфтор уро аз кирдор дур нанамуд. Мурда касе, ки аз ин боди ҷонбахш дар ин бомдоди дилкаш бедор нашуд, ва баста марде, ки Кушояндаро нашнохт ва дар зиндони оз саргардон бимонд. Эй бандагон! Ҳар ки аз ин чашма чашид, ба зиндагии поянда расид, ва ҳар ки нанушид, аз мурдагон шумурда шуд. Бигу эй зишткорон! Оз шуморо аз шунидани овози Бениёз дур намуд. Озро бигузоред, то рози Кирдигор биёбед. Ва У монанди офтоби ҷаҳонтоб рушан ва падидор аст. Бигу эй нодонон! Гирифтории ногаҳон шуморо аз пай. Кушиш намоед, то бигзарад ва ба шумо осеб нарасонад. Исми бузурги Худованд, ки ба бузургӣ омада, бишносед. Уст Донанда ва Доранда, ва Нигаҳбон.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ХИТОБ БА ЗАРДУШТИЁН (#15688)

Ба Номи Дуст Эй дустон! Дарёи ҷуд дар амвоҷ! Ва офтоби карам дар ишроқ. Имруз рузи ситоиш аст, на замони олоиш. Бигу: Эй дустон! Равонро аз олоиши дунё пок созед ва ба ситоиши Дусти Якто бипардозед. Рузи забон имруз аст, чӣ ки махсуси сано халқ шуда. Рузи дидор имруз аст, чӣ ки Маҳбуб падидор гашта. Бо парҳои муҳаббати Раҳмон парвоз намоед, ки шояд ба қурби маънавӣ фоиз гардед. Эй дустон, аз ҳиҷрон маҳзун мабошед! Рузи шодӣ аст, вақти андуҳ на. Ҳар ки ба муҳаббати Раҳмон бархост, аз Мост ва ҳар ки ба ғайри Мо машғул, аз ағёр маҳсуб. Ин аст баёни Раҳмон. Тубо лиссомеъин! Бигу: Эй аҳли имкон! Талъати Раҳмон мефармояд: Имруз рузи гуфтор нест ва ҳангоми интизор на. Ба байиноти Раббония, ки аз машриқи Қалами Аҳадия мушриқ ва зоҳир шуда, рафтор намоед ва омил шавед! Эй аҳли диёри Парвардигор! Дусти Якто беҳиҷоб зоҳир ва дасти қудрати субҳонӣ аз уфуқи ҷайби яздонӣ боҳир, то вақт боқӣ аст, ба зикри Боқӣ машғул шавед, ва ба Ваҷҳи Изадӣ таваҷҷуҳ намоед. Сабили таваҷҷуҳро ба қалб қарор фармудем, зеро ки сабили зоҳир мамнуъ аст. Эй дустон! Арзи маърифати Раҳмон хароб ва вайрон   мушоҳида   шуд.   Лизо Зореъи болеғ ва Ҳакими ҳозиқ фиристодем, то аъроқи фосида ва гиёҳҳои ло юсминаро тадобири комила қатъ намояд, ва ба амтори авомири илоҳия он арзро   тарбият   фармояд, то маҳалли инботи наботи тайиба ва ашҷори мусмира шавад. Ин аст, мақсуд аз ирсоли Расул ва инзоли Кутуб. Эй дустон! Дар садади тарбияти гумроҳон ва бедонишон бошед, ки шояд ниҳолҳои вуҷуди инсонӣ ба тирози рабиъи раҳмонӣ сарсабз ва хуррам шаванд. Ба гуши пок Нидоямро бишнавед, ва ба чашми пок ба уфуқи Ваҳйям таваҷҷуҳ намоед. Бедида касе, ки аз ин атийя маҳрум монд, ва бебасар нафсе, ки Молики қадарро нашинохт.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ХИТОБ БА ЗАРДУШТИЁН (#15689)

Ба Номи Он, ки бим аз Уст, ва умед аз У! Нахустин гуфтори Кирдигор ин аст! Бо синаи пок аз хоҳиш ва олоиш ва дили покиза аз рангҳои офариниш пеши Доно ва Бино ва Тавоно биёед ва ба он чӣ сазовори рузи Уст биборед. Имруз рузи дидор аст, чӣ ки Яздон бе парда падидор ва ошкор. Ба ҷони пок биштобед, шояд бирасед ва ба он чӣ сазовор аст пай баред! Аз оби парҳезкорӣ худро аз оз ва кирдорҳои ношоиста пок намоед, то рози рузи Бениёзро биёбед. Равшании нахустин дар рузи пасин падидор, ба се чиз дидор даст диҳад, ва растагорӣ падидор шавад: покии дил ва дида, ва покии гуш аз он чӣ шунида. Бигу: Эй дустон, Роҳнамо омад! Гуфтораш аз гуфторҳо падидор, ва роҳаш миёни роҳҳо намудор. Роҳ роҳи Уст, биёбед ва гуфтор гуфтори Уст, бишнавед. Имруз абри бахшиши Яздон меборад, ва Хуршеди доноӣ равшанӣ мебахшад ва ба Худ роҳ менамояд.  Ҷавонмард он, ки роҳҳои гумонро гузошт, ва роҳи Худо гирифт. Эй дустон, дасти тавонои Яздон пардаҳои гумонро дарид, то чашм бибинад ва гуш аз шунидан боз намонад. Имруз рузи шунидан аст, бишнавед гуфтори Дусти якторо, ва ба он чӣ сазовор аст, рафтор намоед. Аз гуфтори порсӣ ба гуфтори тозӣ оғоз намудем... Имруз нур нотиқ ва нор мутакаллим, ва хуршеди ҳақиқӣ мушриқ. Ҷаҳд намо, шояд фоиз шавӣ ба он чӣ сазовори Явмуллоҳ аст. Агар дар он чӣ зоҳир шуда, тафаккур намоӣ, худро ғанӣ ва мустағнӣ аз суол мушоҳида кунӣ. Ҳақ муқаддас аст аз зунун ва авҳом, ва машийят ва иродаи аном. Бо илми “Яфъалу мояшоъ” ва рояти “Яҳкуму моюрид” омада. Ҳуҷҷат ва бурҳон фавқи мақомоти аҳли имкон зоҳир фармуда. Оёташ дар кутуб, зубур, ва алвоҳ мавҷуд ва машҳуд, ва баёноташ дар сувари мулук ва руус зоҳир ва ҳувайдо... Гар филҳақиқа ба басари инсоф дар он чӣ зикр намудем мушоҳида намоӣ, ва ба самъи адл исғо кунӣ, ба калимаи муборакаи “раҷъату илайк ё Мавлал олам мунқатеан анил умам” нотиқ шавӣ. Бишнав нидои Мазлумро ва қадам аз мақомоти зунун ва авҳоми аҳли имкон бардор, ва бар ломакон гузор...

-Bahá'u'lláh
-----------------------

